20 Июн 2020 - 08:26
Эҳдои 10 000 ниқоби муҳофизатӣ ба давлати Афғонистон аз сӯи Хуросони Разавии Эрон

Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавии Эрон, аз эҳдои 10 000 ниқоби муҳофизатӣ ба давлати Афғонистон, дар ростои пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус хабар дод.

ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Муҳаммадтақии Ҳошимӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавӣ, шимоли шароқи Эрон, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт:

Ҷумҳурии исломии Эрон илова бар эҳдои бастаҳои ташхисӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба давлати Афғоинстон, омодагӣ дорад то таҷрибаҳои худо дар ҳавзаи мубориза бо коронавирус ба тарафи Афғонистон ироа кунад.

Ҳошимӣ ҳамчунин бо ишора ба хадамоти ироашуда ба муҳоҷирони афғон дар даврони коронавирус афзуд: Атбои афғонистонии мубтало ба коронавирус, ба сурати ройгон дар Эрон дармон мешаванд.

342/